Хурӯҷи бемории COVID аз пештара заифтар аст. Суҳбати ошкоро

Поделиться

Facebook
OK
VK
Telegram
Twitter
LinkedIn

21 июн, пас аз беҳбудии 5 моҳа, дар Тоҷикистон мавҷудияти ҳодисаҳои нави сироятёбӣ ба COVID-19 расман эълон карда шуд. “Дар маҷмуъ, аз оғози бақайдгирӣ то 27 июн  дар кишвар 13439 нафари сироятёфта ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо то санаи болозикр 13263 нафар (98,9%) шифо ёфта, 90 нафар бар асари ин беморӣ даргузаштаанд”, – гуфта мешавад дар хабари АМИТ Ховар.

Statistika Google

Дар айни замон вазъ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст? Дар оянда моро чӣ интизор аст? Посух ба ин ва дигар суолҳо, ҳамчунин нуқтаи назари худро сардори Раёсати амнияти санитариву эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сартабиби давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров дар мусоҳибааш ба портали таҳлилии Nuqta.tj изҳор дошт.

-Муҳтарам доктор Ҷаъфаров, ба Шумо барои ёфтани имкон ва посух додан ба як қатор суолҳое, ки имрӯз бисёр тоҷикистониҳоро ба ташвиш овардааст, сипос мегӯем. Инак, 21 июн бақайдгирии ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба COVID-19 дар кишвари мо расман эълон карда шуд. Суоли аввал: Чаро ин қадар бо таъхир, зеро озмоишгоҳҳои кишвар аллакай ду ҳафта инҷониб ба баъзе муроҷиаткунандагон ҷавобҳои мусбати таҳлилҳоро бо мавҷудияти COVID-19 дода истодаанд? Ва дарҳол саволи дуюмро ҳам медиҳам: ин хуруҷи беморӣ аст?

-Дар ҳақиқат, озмоишгоҳҳои референсии Тоҷикистон ҳолатҳои нави сироятёбӣ бо коронавирусро ошкор намуданд, ки дар ин бобат 21 июн Ситоди ҷумҳуриявӣ расман изҳорот дод. Ва дар ҳақиқат, озмоишгоҳҳои кишвар ҳолатҳои нави сироятёбӣ бо COVID-19-ро хеле барвақттар аз эълон кардан ба қайд гирифтанд. Чун ин ҳолат пас аз 5 моҳи набудани ҳолатҳои нави COVID-19 дар Тоҷикистон ба вуқуъ омад, ин амри воқеъро аслан хуруҷи беморӣ номидан мумкин аст. Аммо, дарҳол мехоҳам равшанӣ андозам: ин авҷи беморӣ аз дигараш фарқ дорад. Ва хуруҷи бемории порсола дар айни замон аз авҷи бемории имсола ба куллӣ фарқ мекунад. Дар навбати аввал, бо миқёсаш. Озмоишгоҳҳои кишвар ҳамарӯза ҳолатҳои нави сироятёбӣ бо COVID-19-ро ошкор мекунанд, аммо миқдори ҳолатҳо аз порсола ба таври назаррас камтар аст.

Бармегардам ба суол: чаро бо таъхир? Аслан, ягон таъхир набуд. Ва ба зудӣ, пас аз ошкор сохтани ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба таври фаврӣ амалҳо оид ба тафтиш ва тасдиқи мавҷудияти ҳолатҳои нави сироятёбӣ оғоз шуданд. Пӯшида нест, ки ҳар гуна тестҳои ташхисӣ каму беш нуқс доранд, ҳам натиҷаҳои дурӯғи мусбат ва ҳам натиҷаҳои дурӯғи манфӣ мавҷуданд, аз ин сабаб дар чунин вазъ тафтиши ҳамаҷониба ва тасдиқи такрорӣ талаб карда мешавад. Ҳамин ки хавотириҳои мо тасдиқи худро ёфтанд, дар ин бобат изҳорот пахш гардид.

-Суоле, ки бисёриҳоро нигарон сохтааст: оё ин намуди нав аст? Намуди ба истилоҳ “ҳиндӣ”?

-Феълан ҷавоби якранги “бале” ё ин ки “не”-ро додан лозим нест. Дар кишвар таҷҳизоти махсус – секвенатор, ки бо ёрии он ба ин савол ҷавоби қотеона додан мумкин аст,  мавҷуд нест. Дар робита ба ин, бо дархости Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ намунаҳои ошкоршудаи COVID-19 бо ҳавопаймо ба озмоишгоҳҳои махсусгардонидашудаи СҶБ ба Лондон фиристода мешаванд, ки метавонанд ҷавоби аниқро муайян кунад: ин маротиба кишвари мо бо кадом намуд дучор шудааст. Албатта, хатари ба кишвар даромадани маҳз намуди “ҳиндӣ”-ро нодида гирифтан мумкин нест, зеро дар давоми фосилаи хеле назарраси вақт марзҳои Тоҷикистон барои вуруду хуруҷи шаҳрвандон ба давлатҳое, ки имрӯз дар онҳо намуди “ҳиндии” коронавирус ҳукмронӣ мекунад, кушода буд.

-Пас, чунин натиҷае ҳосил мешавад, ки бо айби касе ба кишвар коронавирус ворид шудааст? Чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсир накарданд?

-Бе шакку шубҳа, ин вирус овардашуда аст. Такрор мекунам: дар муддати панҷ моҳи охир дар кишвар ягон ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашуда буд.

Дар бобати гунаҳкорӣ: аз ҷониби худ кулли хадамоти масъули Тоҷикистон ҳама кори имконпазирро барои муқовимат бо воридшавии коронавирус аз берун иҷро карданд. Мутаассифона, чи тавре ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ба ягон кишвар иҷрои чунин амал муяссар нашудааст. Аммо! Гумон аст, ки чунин рафти рӯйдодҳо ба манфиатҳои кишвари мо ҷавобгӯ бошад!

Хурӯҷи бемории COVID аз пештара заифтар аст. Суҳбати ошкоро
Акс: Sivaram V / Reuters

Лекин ба таври ихтиёрӣ кам кардани сафарҳои шаҳрвандони мо барои истироҳат ва ё тиҷорат ба кишварҳои дигар, махсусан кишварҳои аз ҷиҳати эпидемиологӣ номатлуб, комилан мумкин аст. Тавре ки таҷриба нишон медиҳад, шаҳрвандон намехоҳанд истироҳати худро ба хориҷи кишвар маҳдуд кунанд ва тиҷораташонро бо вуҷуди огоҳиҳои сершумор, идома медиҳанд.

-Дар робита бо ин суоли мантиқӣ ба миён меояд: чӣ гуна ба воридшавии COVID-19 роҳ доданд? Пас, на ҳамаи омадагон сертификати супоридани тестро пешниҳод кардаанд? Ё ин ки пас аз анҷоми парвоз хадамоти салоҳиятдор на аз ҳамаи мусофирон тест гирифтанд? Тадқиқоти эпидемиологӣ чиро нишон дод? Ва умуман, оё чунин тадқиқот дар кишвари мо гузаронида мешаванд? Ва ин дафъа  бемори “аввалин” кӣ буд?

-Тадқиқоти эпидемиологӣ ба таври ҳатмӣ баргузор карда мешавад. Дар нисбати хуруҷи ҳама гуна сироят. Дар бобати бемори “аввалин” ва танқидҳо нисбати хадамоти зиддиэпидемикии кишвар гуфтан мехоҳам: тадқиқотҳои баргузоршуда дар соли гузашта ва баргузоршаванда дар ин сол мутаассифона, бемори “аввалин”-ро муайян карда натавонистанд. Аз ин рӯ, танқидҳо ба дараҷае дуруст ҳам буданд.

Ба ҳамкорони мо аз кишварҳои аз ҳама сарватмандтарин ва аз ҷиҳати иқтисодӣ рушдкарда, ки таҷҳизоти пешрафтатарин, кадрҳои беҳтарин  ва маблағҳои бузурги молиявию ташкилӣ доштанд, имкон даст надод, ки бемори “аввалин”-ро ошкор намоянд. Таҳияи усулҳои нав, таъсис ва истифодаи воситаю услубҳои нави ташхис лозим аст, ки ба ҳама кишварҳои ҷаҳон имкон медиҳанд тадқиқоти эпидемиологӣ баргузор намоянд. Феълан, мутаассифона чи тавре ки бемории ҳамагири коронавирус нишон дод, имконоти мутахассисоне, ки тадқиқоти эпидемиологӣ баргузор мекунанд ба шиддатнокии ҷараёни муҳоҷират, миқёс ва суръати паҳншавии COVID-19 дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон мувофиқат намекунанд.

Хурӯҷи бемории COVID аз пештара заифтар аст. Суҳбати ошкоро
Мухоҷири меҳнати. Ака: Aamir Qureshi (AFP)

Дар бобати тестҳои занҷири полимеразӣ (ПЦР): бояд дарк кард, ки ин тестҳо муъҷиза намеофаранд. Ва мусофире, ки дар дасташ сертификат бо натиҷаи манфии тест ҳаст, имкони зиёде дорад, ки ба ин вирус дар минтақаҳои транзитии фурудгоҳҳо, ҳавопаймо, толори бағоҷдиҳӣ ва дигар маконҳо  сироят ёбад.  Ва дар робита бо ин, тестҳои ҳатмии занҷири полимеразӣ барои мусофирони тайёраҳо эҳтимолияти “овардани” вирусро ба ин ё он кишвар танҳо кам мекунанд, аммо ҳимояи сад дарсадиро аз чунин хатар кафолат намедиҳанд.

-Дар расонаҳои ватанӣ қайд карда мешуд, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ қарор қабул кардааст, ки бояд ҳамаи мусофирони омада барои 14 рӯз дар худинзивои ҳатмӣ нишинанд?

-Ситоди ҷумҳуриявӣ чунин қарор қабул накардааст. Айни ҳол, тибқи тавсияҳои Ситод вуруди шаҳрвандони Афғонистону Ҳиндустон ва мусофирон аз ин кишварҳо манъ аст. Ҳамчунин ба аҳолии кишвар тавсия дода шудааст, ки будубош дар ҷойҳои серодамро кам карда, низоми  ниқобпӯширо риоя кунанд. Ғайр аз ин, бо қарори Ситод корҳои зиддиуфунӣ дар ҷойҳои ошкор шудани сироят аз сар гирифта шуданд.

-Фаъолияти Ситоди назди Вазорат чӣ гуна ба роҳ монда шудааст? Оё Ситод  дар бораи вазъи воқеии ҳозираи кишвар маълумот дар даст дорад?

Ситоди назди вазорат дар низоми “муқаррарӣ” кор мекунад, яъне бе рӯзи истироҳат, вазъи фавриро дар кишвар ва хориҷ аз он пайгирӣ менамояд. Ба ситод аз тамоми  муассисаҳои табобативу ташхисии кишвар новобаста аз шакли дахлдории идорӣ ё намуди моликият маълумот ворид мешавад. Ҳамарӯза дар соати 7 ва 17 ҷаласаҳои  Ситод баргузор мегарданд, ки дар онҳо маълумоти дар ҳамон соат рӯзмарра, ки аз муассисаҳои аввалияи тиббию санитарӣ, ҳамаи муассисаҳои табобатии сохтори тандурустӣ, клиникаҳо ва озмоишгоҳҳои хусусӣ ворид шудаанд, гузориш дода мешаванд. Ғайр аз ин, дар бораи вазъи сироятии кишварҳои минтақа ва кишварҳои бо Тоҷикистон мухобироти нақлиётӣ дошта маълумот дода мешавад. Ситод ҳар рӯз ҳамаи маълумотро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ҷаҳонии тандурустӣ ва мониторинги вазъи COVID-19-ро ба минтақаҳои гуногуни ҷаҳон пешниҳод менамояд.

-Оё дар кишвар сохтори пешгӯии хуруҷи сироят мавҷуд аст? Агар бошад, пас чаро, тавре ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, он соли гузашта амал накард?

-“Сохтори пешгӯӣ вуҷуд дорад. Таҳлилгарон дар асоси маълумоти воридшаванда пайдоиш ва рушди бемориҳои сироятии мавсимӣ, аз ҷумла,  COVID-19-ро низ пешгӯӣ мекунанд. Дар бораи пешгӯиҳои порсола: мутаассифона, аксарияти кишварҳои ҷаҳон ва ҳатто дар оғоз худи СҶБ низ натавонистанд, ки чунин рафти ҳодисаҳоро пешгӯӣ кунанд. Ба назари бисёриҳо чунин менамуд, ки авҷи муқаррарии бемории сироятӣ ба амал омадааст, ки ба зудӣ бартараф мегардад. Рушди минбаъдаи рӯйдодҳо нишон дод, ки амалан ҳама хато кардаанд. Ва мутахассисони мо низ аз ин доира берун набуданд. Аммо тавре, ки Шумо дар ёд доред, пешгӯиҳо, махсусан пешгӯиҳои баъзе мутахассисони хориҷӣ хеле пурвоҳимаю маъюскунанда буданд. Барои Тоҷикистон низ марги  то 21 ҳазор нафарро аз COVID-19 пешгӯӣ карда буданд. Шукри Худованд, ба шарофати амалҳои ҳамоҳангшудаи мақомот, мутахассисон ва аҳолӣ, мамлакати мо тавонист, ки бо хуруҷи коронавирус дар кишвар мубориза барад. Ва шумораи оқибатҳои фоҷиабори COVID-19 ба ҳадди аққали дар шароити кишвари мо имконпазир расонида шуд.

-Тибқи пешгӯиҳои мутахасссисон, хуруҷи беморӣ имсол аз порсола шадидтар хоҳад буд ва ё сусттар?

-Дар айни замон суръати паҳншавии коронавирус, заҳрогинӣ ва дигар хусусиятҳои он барои тахмин кардан асос мешаванд, ки хуруҷи беморӣ нисбати пештарааш заифтар хоҳад буд. Бо вуҷуди ин, аз ҷониби мутахассисони Вазорати тандурустӣ сенарияҳои гуногуни пешгӯии хуруҷи COVID-19, аз ҷумла, сенарияи номусоидтарин низ таҳия шудааст, дар он ҳолат ҳамарӯза садҳо ва баъзан ҳазорҳо ҳолати нави сироят ошкор мешаванд.

-Чунин сенария барои чӣ лозим аст, агар Шумо тасдиқ кунед, ки хуруҷи беморӣ имсол аз порсола хеле заифтар хоҳад  буд?

Рӯйдодҳои соли гузашта ба таври аёнӣ нишон доданд, ки сохторҳои тандурустӣ дар ҷаҳон бояд ба сенарияҳои номусоидтарин омода бошанд. Ва ин таҷриба ҳамаи моро сабақ дод: бояд пештар омодагӣ гирифт. Аз ин сабаб, бо вуҷуди набудани ҳолатҳои нави сироятёбӣ бо COVID-19 дар муддати 5 моҳи охир дар кишвар маҷмуи тадбирҳои вокуниш ба хуруҷи эҳтиомлии беморӣ идома дошт.

Хурӯҷи бемории COVID аз пештара заифтар аст. Суҳбати ошкоро

Аз ҷумла, дар 16 муассисаи пешрафтаи табобатии кишвар пойгоҳҳои мухтори истеҳсоли оксиген насб карда шуданд, ки интиқоли марказонидашудаи оксигенро ба ин клиникаҳо таъмин мекунанд ва метавонанд дигар муассисаҳои табобатии наздик ҷойгиршударо бо баллонҳои оксигенӣ таъмин намоянд.

Ба наздикӣ боз дар 14 муассисаи табобатии кишвар пойгоҳҳои худии тавлиди оксиген барои интиқоли марказонидашудаи оксиген (бидуни истифодаи баллонҳои оксигенӣ) насб карда хоҳад шуд. Ғайр аз он, иқтидорҳои захиравӣ дар ҳолати омодабошанд, масалан, беморхонаи сайёр, ки соли гузашта дар майдони варзишии «Нассоҷ» ҷойгир шуда буд.

Мехоҳам қайд кунам, ки муассисаҳои тандурустӣ ба шарофати амалҳои қатъии Ҳукумати Ҷуммҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд имконоти худро, аз ҷумла дар бобати муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоти эҳёгарӣ ва дастгоҳҳои нафаскашии сунъӣ ҷиддан афзоиш доданд ва ҳатто ба сенарияи номусоидтарин низ омодаанд. Ҳарчанд, такрор мекунам, дар давраи феълӣ ҳама асосро барои тасдиқ дорем, ки хуруҷи беморӣ аз порсола хеле заифтар хоҳад буд. Тибқи пешгӯиҳои дар дастдоштаи мо, ин хуруҷ ҳадди аққал пас аз ду давраи инкубатсионӣ, яъне тахминан дар аввали моҳи август бояд ба анҷом расад.

-Суоли дигар: ваксиназанӣ. Вазъ ва дурнамо  чӣ гуна аст?

-Ваксиназанӣ дар кишвар авҷ гирифта истодааст. Масалан, дар шабонарӯзи гузашта танҳо дар шаҳри Душанбе наздики 14 ҳазор нафар бо вояи аввалин эм карда шуданд. То санаи 27 июн дар Тоҷикистон аз коронавируси нави COVID-19 205 ҳазору 619 нафар эмгузаронӣ шуданд. Инчунин то имрӯз 18 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар вояи дуюми ваксинаро гирифтанд.

Мутаассифона, бояд қайд кунам, ки аз ҷадвали ба нақшагирифташудаи миллии ваксиназанӣ ақибмонӣ ба мушоҳида мерасад. Ин ба он вобаста аст, ки аз 670 ҳазор вояи ваксинаи ваъдашудаи AstraZeneca то ба имрӯз 192 ҳазор воя қабул карда шудааст. Мушкил ба якбора бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар Ҳиндустон – кишвари истеҳсолгари ваксина барои Тоҷикистон рабт мегирад. Дар ин росто, интиқоли ваксина на танҳо ба кишвари мо, балки ба дигар кишварҳои ширкаткунандаи механизми тақсими ваксина аз COVID-19 – ВОЗ COVAX низ халалдор гардид.

Воридшавии 300 ҳазор вояи ваксинаи CoronaVac, ки ҶХХ дар доираи кӯмаки башардӯстона пешниҳод намуд, вазъро як каме ба ислоҳ овард. Айни замон барои қабули боз 192 ҳазор вояи ваксинаи AstraZeneca, ки бояд моҳи августи соли 2021 дар доираи механизми ВОЗ COVAX ворид шавад, корҳои омодагӣ ҷараён доранд.

Бо вуҷуди ин, то ҳол мо ҷадвали ба нақшагирифтаи миллиро иҷро карда натавонистем. Бояд қайд кард, ки Ҳукумати кишвар оид ба қабул ва хариди вояҳои иловагии ваксина аз ҳисоби буҷаи давлатӣ, бурсияҳои шарикони рушд ҳамаи чораҳоро андешида истодааст. Илова бар ин, Тоҷикистон ба як қатор кишварҳои шарик бо дархости додани захираҳои истифоданашудаю изофии ваксинаҳо ба муҳлати истифодаи қобили қабул муроҷиат кардааст.

-Оё сохтори тандурустии мо ба тақсими чунин миқдори бузурги вояҳои ваксина омода аст? Зеро барои ин анборҳо, яхдонҳо ва дигар инфрасохтор лозим аст.

-Сохтори тандурустӣ барои қабули миқдори ба нақшагирифташудаи вояҳо комилан омода аст. Дар кишвар низоми анборҳо, нигоҳдорӣ дар анборҳои махсус таъсис дода шудааст, ки нигоҳдории ваксинаҳоро (ҳангоми зарурат) дар ҳарорати то -20 С таъмин карда метавонанд. 6 бахши минтақавии Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика бо таҷҳизоти яхдонҳо ва сардкунӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд ва миқдори кофии яхдонҳои махсусро барои бурда расонидани ваксинаҳо ба ҳамаи муассисаҳои табобатии кишвар дар ихтиёр доранд.

Хурӯҷи бемории COVID аз пештара заифтар аст. Суҳбати ошкоро
Вакцинзани. Акс: Радиои Озоди

-Суоле, ки хонандагони мо медиҳанд: ваксинаҳои русӣ куҷо шуданд? Ваксинаи ваъдашудаи «Спутник – V» куҷост, ки ҳама бесаброна интизораш ҳастанд? Зеро бисёр шаҳрвандон омодаанд, ки ҳатто пулакӣ бо ваксинаи Русия эм карда шаванд. Ва маломатҳои асосӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маҳз бар сари Вазоарти тандурустӣ мерезанд, чунки тибқи мақолаҳои дар расонаҳо нашршуда, ин масъала куллан ҳам дар сатҳи Сарони ҳарду кишвар ва ҳам дар сатҳи сарвазирон ҳал шудааст. Пас, сабаб дар чист?

-Барои пешниҳоди ваксинаи русии «Спутник – V»  дар шакли кӯмаки башардӯстона Ҳукумати Федератсияи Россия тавассути Хазинаи сармоягузории мустақими Россия ҷавобгӯ аст, ки он барои бақайдгирии расмии ваксина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад. Дар айни замон тамоми раванди пешниҳоди санадҳои лозима барои бақайдгирии ваксинаи русии «Спутник – V»  иҷро шудааст, танҳо бахши техникӣ боқӣ мондааст, ки вақти муайянеро талаб мекунад.  Умедворем, ки то моҳи август ҳамаи расмиётҳо ба анҷом мерасанд ва мо дар якҷоягӣ бо ҷониби Русия интиқоли ваксинаи деринтизорро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда метавонем. То ҳол, дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани иҷозатномаи яквақта барои воридот ва истифодаи ваксинаи Sputnik-V барои эҳтиёҷоти  пойгоҳи ҳарбии 201-и Россия мусоидат кардааст.

-Дар Тоҷикистон ваксиназании пулакӣ мумкин аст? Агар ҳа, пас, маҳз бо кадом ваксина?

-Феълан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эмгузаронӣ куллан дар муассисаҳои давлатӣ ройгон анҷом дода мешавад! Дар кишвар барои истифода ваксинаи AstraZeneca (аз ҷумла, истеҳсоли Ҳиндустон) расман ба қайд гирифта ва иҷозат дода шудааст. Дар сатҳи давлатӣ барои истифодаи муваққатии ваксинаи CoronaVac, истеҳсоли ҶХХ иҷозатнома дарёфт шудааст. Ваксинаи «Спутник–V» ба Тоҷикистон ба миқдори маҳдуд танҳо барои эҳтиёҷоти пойгоҳи ҳарбии 201-уми Россия оварда шудааст. Дигар ваксинаҳо ба кишвар феълан ворид намешаванд. Дар ин росто, мехоҳам аз ваксиназанӣ бо ҳамаи дигар намуди ваксинаҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ғайрирасмӣ ворид шуданашон мумкин аст, ҳушдор диҳам. Зеро риояи ҳамаи протоколҳои ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва истифодаи ваксинаҳо самаранокӣ ва бехатарии онҳоро кафолат медиҳад.

-Оё соҳибкорони ватанӣ  ё  хориҷӣ метавонанд, ки расман ваксинаро ворид кунанд? Ва ҳам хадамоти пулакии эмгузарониро анҷом диҳанд? Агар ҳа, пас оё ягон ширкат барои чунин намуди фаъолият иҷозатнома дарёфт кардааст?

-Бале, чунин намуди фаъолиятро қонунгузорӣ манъ накардааст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аллакай бо чунин пешниҳод ба Ҳукумати кишвар муроҷиат кардааст. Масъалаи мазкур бараасӣ шуда истодааст. Ва пас аз муайян кардани расимёти марбут бо харид, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ  ва эмгузаронии пулакӣ механизми мазкур низ ба фаъолияти сохтори тандурустии кишварамон ворид карда мешавад. Аммо дар айни замон ягон ширкат, на дар дохил ва на дар хориҷи кишвар барои чунин намуди фаъолият иҷозатнома нагирифтааст.

-Дар ҷамъбасти суҳбатамон мехоҳам, ки пурсам: вазъи эпидемиологии дигар бемориҳои сироятӣ чӣ гуна аст? Вазъи бемории сил дар кишварамон чи хел аст?

-Чӣ тавре ки дар урфият мегӯянд: “Хушбахтӣ намебуд, агар бадбахтӣ кумак намекард”. Шояд бо шарофати риояи низоми ниқобпӯшӣ, маҳдудияти робитаҳои иҷтимоӣ, коҳиши сатҳи муҳоҷират, болоравии сатҳи масъулият барои саломатии худ дар аксарияти сокинони кишвар, коҳиши назарраси сироятёбӣ бо сил ва дигар бемориҳои сироятии мавсимӣ ба назар расид.

-Ва дар анҷом суоли анъанавӣ: оё маҳдудсозии фаъолияти масҷидҳо, манъи баргузории чорабиниҳои оммавӣ, маршировкаҳо, чорабиниҳои варзишӣ ва ғ. ба нақша гирифта шудааст?

-Дар сурати нигоҳдории нишондиҳандаҳои мавҷудаи рушди хуруҷи COVID-19 барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои шадиди болозикр зарурат нест. Айни замон ҳама чиз ба таври муътадил фаъолият дорад, хуруҷи беморӣ таҳти назорати хадамоти дахлдор ва Ситоди ҷумҳуриявӣ аст. Бо вуҷуди ин, дар ҷаласаи Ситод, ки рӯзи 21 июни соли 2021 баргузор гардид, ба аҳолӣ як қатор тавсияҳо дода шуд. Аз ҷумла, ба ҳамаи онҳое, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд, тавсия дода шуд, ки пас аз вуруд аз хориҷа то тасдиқи ҷавоби манфии тести ниҳоӣ низоми худинзивоъро риоя намоянд. Ғайр аз ин, маҳдудияти будубош дар ҷойҳои серодам, азсаргирии пӯшидани ниқобҳо, рияои фосилаи иҷтимоӣ ва истифодаи антисептикҳо тавсия дода шудааст. Дар сурати раванди номусоиди ҳодисаҳо Ситод фавран қарорҳои дахлдор қабул карда, аҳолиро огоҳ хоҳад кард. Барои ин дар ихтиёри Ситоди ҷумҳуриявӣ ҳамаи бахшҳои иртиботӣ, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ва паёмакҳо мавҷуданд.

Боз чӣ гуна ҳодисаҳо рӯй медиҳанд – вақт нишон медиҳад. Муҳим он аст, ки кишвари мо ба ҳама гуна ҷараёни ҳодисаҳо омода аст.

Суҳбатнигор Михаил Петрушков

Мақолаи аслӣ дар пайванд дастрас аст: https://nuqta.info/tj/hur-i-bemorii-covid-az-peshtara-zaiftar-ast-su-bati-oshkoro/