30-солагии тиб: пешгирии беморӣ беҳ аз табобат?

Поделиться

Facebook
OK
VK
Telegram
Twitter
LinkedIn

18 августи соли 2021 табибон 30-солагии низоми тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд.

Шуҳрати табибони Тоҷикистони Шўравӣ ба шарофати сатҳи баланди касбӣ на танҳо дар дохили кишвар, балки хеле дуртар аз марзҳои он паҳн гашта буд. Дар ҷумҳурӣ мактабҳои илмии тиббӣ таъсис ёфта (мактаби табибони лори Исҳоқӣ, психиатрияи Ғуломов, ҷарроҳии Тоҷиева ва Усмонова, саратоншиносии Аҳмадова, ҷарроҳии кўдакони Пўлодова ва боз бисёр дигарон), комгорона рушд мекарданд, номҳои Устодони барҷастаи тоҷикро табибони саросари олам мешинохтанд.

Дар 30 соли истиқлол тибби тоҷик ба чӣ дастовардҳое ноил гашт? Бо чӣ метавонад ифтихор намояд? Оё мактабҳои илмии тиббӣ дар Тоҷикистон боқӣ мондаанд? Тибби ватанӣ ва, дар маҷмуъ, кишвар аз чӣ, мутаассифона, маҳрум шуд? Чӣ боиси таассуф аст? Ва оё имкони барқарор намудани шуҳрати гузашта вуҷуд дорад?

     Дар арафаи ҷашн дар хусуси ин ҳама ва боз бисёр масъалаҳои дигар бо табиби маъруфи тоҷик, роҳбари шуъбаи тандурустии IFRC (минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ), доктори илми тиб Даврон Муҳаммадиев бароиNuqta.tj Михаил Петрушков суҳбат орост.

– Даврон Мансурович, 18 август кулли ҳамкасбони шумо, ки дар ҷумҳурӣ ва, мутаассифона, берун аз он фаъолият мекунанд, 30-солагии тибби Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҷашн мегиранд. Аз назари шумо, тибби мо бо чӣ гуна дастовардҳо ба ин рўз расидааст?

– Имсол мо иди касбии худро дар вазъи мураккаби марбут ба пандемия ҷашн мегирем. Ба шарофати кўшишҳои фавқулода ва гоҳо қаҳрамононаи табибон ва кормандони соҳа кори наҷотдиҳии шаҳрвандон бомаром идома дорад. Сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда, аҳолӣ кумаки тиббӣ мегирад, мақомоти тандурустӣ бо дастгирии шарикони байналмилалӣ барои сабук кардани шароити пандемия ва оқибатҳои он чора меандешанд. Мехостам миннатдории худро ба ҳамкасбонам барои меҳнати фидокоронаи онҳо дар ҷабҳаи пеши мубориза бо пандемия арз намоям, ҳамчунон  ба хотираи ҳамаи онҳое арҷ гузорам, ки ҳаёти худро дар роҳи иҷрои қарзи касбии хеш, наҷоти беморон фидо кардаанд.

30-солагии тиб: пешгирии беморӣ беҳ аз табобат?

– Шумо дар саргаҳи созмондиҳии Ассотсиатсияи донишҷўёни табиб будед. Бигўед, ки Ассотсиатсия чӣ гуна ташкил мешуд, кадом ҳадафу вазифаҳоро пайгирӣ мекард, ба чӣ гуна натиҷаҳо ноил гардид ва айни замон чӣ дастовардҳои он лоиқи ифтихори созмон мебошанд.

– Ассотсиатсияи донишҷўён ва мутахассисони ҷавони табиб дар Тоҷикистон соли 1989 ҳамчун қисми АДТ ИҶШС ташкил шуда буд ва охиран ба сифати яке аз нахустин ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар ҷумҳурӣ соли 1991 ба қайд гирифта шуд.

Ассотсиатсия ҳамчун ҳосили хоҳиши дастаҷамъона ҳал намудани масъалаҳои касбии донишҷўёни табиб созмон ёфт. Ҳамзамон ин намуди аслан нави ташкилот буд, ки ба ташаббус, талоши бардоштани сатҳи касбии табибони оянда асос меёфт. Мо саҳми худро дар ташаккулдиҳии ғояҳои башардўстӣ, дардшарикӣ ва шафқат мегузоштем, инчунин дар ҳамдастӣ бо роҳбарияти Донишкадаи тиббии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ шаклҳои наву босамари таълимро ҷорӣ мекардем, робитаҳои миёни таҳсилоти тиббӣ ва тандурустиро ба роҳ мемондем ва таҳким мебахшидем.

Ба ҳайси мисол ташаббусҳоеро меорам, ки феълан қисми муқаррарии раванди таълим шудаанд. Инҳо ба ном “навъи блокии таълим” дар курсҳои болоӣ мебошанд, вақте донишҷўён ба ҷойи сессияҳои вазнин бо 4-6 имтиҳон дар як семестр, бошиддат дар ҳар кафедра дар таркиби блокҳо ҳар 1-2 ҳафта, вобаста аз миқдори соатҳо сабақ мегиранд ва дарҳол пас аз ин имтиҳон месупоранд. Ин усул ба андозаи назаррас ба афзудани самараи донишҳои андўхта, беҳбудии тамаркузи донишҷў ба азхудкунии мавод, кори фаъолонаи таълимӣ дар клиника мусоидат намуд.

Навъи мазкури таълим ба саломатиии донишҷў таъсири мусбат овард. Чунончи, дар қиёс бо низоми қаблии таълим шумораи хуруҷи бемориҳои музмини донишҷўён, ки ба сессия ва стресси ба он марбут алоқаманд буд, коҳиш ёфт.

Ташаббуси дигари муҳим ташкил намудани гурўҳҳои донишҷўёни машғул ба корҳои илмӣ буд. Дар ҳар “маҷро” чунин гурўҳҳо аз донишҷўёне, ки ба фаъолияти илмӣ мароқ зоҳир менамуданд, ташкил мешуданд. Ба онҳо профессорҳо ва дотсентҳои кафедраҳо дарс медоданд ва ба ғайр аз барномаи умумӣ ба усулҳои фаъолияти илмӣ ва ташаккул додани тафаккури илмӣ таваҷҷуҳ мекарданд.

Маъмурияти мактаби олӣ фаъолона ташаббусҳои моро оид ба ҷалби донишҷўён ба идораи донишкада ва ширкат дар тасмимгириҳо дастгирӣ менамуд. Ба ин тариқ, аз соли 1990 дар ҳайати Шўрои калони илмии донишкада ҷиноҳи донишҷўён аз ҳисоби донишҷўёни фаъол ва дар таҳсил муваффақ ташаккул дода шуд. Дар асоси Низомномаи Донишкада мо дар интихоби декан ва ректор иштирок мекардем. Ҳамчунин бо мақсади таъмини алоқаи бозгарданда ва ширкати донишҷўён дар бардоштани сифати раванди таълим тавассути пурсишномаҳои бе зикри ном: “Омўзгор аз назари донишҷў”, ки Пажуҳишгоҳи илмҳои омўзгории АИ ҶШС Тоҷикистон таҳия намуда буд, андешаҳо гирд оварда мешуданд.

Пурсишнома як қатор суолҳоро дар бар мегирифт, ки сифатҳои педагогии устодонро ошкор менамуданд ва натиҷаҳои онҳо барои интихоби дубораи устодон дар асоси озмун ба муҳлати нав аҳамияти ҳалкунанда доштанд.

Ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳамаи тарафҳои ҳаёти ҷомеаи мо, дар навбати аввал ба донишҷўён таъсири манфӣ дошт. Дар авҷи зиддияти мусаллаҳона аз октябри соли 1992 то марти 1993 тамоми мактабҳои олӣ баста шуда буданд, хобгоҳҳоро гурезаҳо аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ишғол намуданд. Бо бозгашти муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба ҳаёти муқаррарӣ мо фаъолона ба барқарор намудани маишати донишҷўён машғул гаштем, ибтикори холӣ кардани хобгоҳҳо ва бозгашти гурезаҳоро ба хонаҳои худ гузоштем, бо пешниҳодҳо оид ба таъмири хобгоҳҳо, барқарор намудани муассисаҳои ғизои умумӣ  ва, муҳимтар аз ҳама, пайи эҳёи муҳити пешина дар донишкадаи тиббӣ шудем.

Ҳодисаи хотирмони соли 1993 озмуни барқароршудаи КВН миёни донишҷўёни ДДТТ ва Омўзишгоҳи тиббии Душанбе гардид, ки дар бинои асосии ДДТТ баргузор шуд. Донишҷўён чунон пазмони баромадҳои дастаи дўстдоштаи КВН-ашон шуда буданд, ки дар толор ҷойи холӣ намонд: дар Аудиторияи калони донишгоҳ ҳатто дар гузаргоҳҳо донишҷўён нишаста буданд ва дар толор зуд-зуд қарсакҳо авҷ мегирифтанд.

Донишҷўён бо ташаббуси мо ба мақомоти тандурустӣ ёрии назаррас мерасонданд: соли 1993 мо иқдоми ҷамъоварии хуни донориро дар байни ҳамаи муассисаҳои олии тиббӣ ташкил кардем, ки барои ниёзҳои маҷруҳон ва беморон равона гардид, донишҷўёнро барои нигоҳубини беморон ва солхўрдагон сафарбар мекардем.

Ин ва бисёр дигар ибтикорот дастовардҳои асосии мо дар он давра буданд. Намедонам, ассотсиатсия ҳоло ҳам фаъолият дорад ё не, аммо фикр мекунам, ки ба фаъолияти он талаботи ҷиддӣ вуҷуд дошт.

– Дар Тоҷикистони Шўравӣ назди Вазорати тандурустӣ шўрои коршиносон бомуваффақият амал мекард, ки дар он табибони беҳтарин, аз қабили Исҳоқӣ, Ғуломов ва дигарон фаъолият менамуданд. Шўро кори бузурги коршиносӣ-таҳлилиро анҷом медод. Доир ба кори ин ниҳод дар замони мо чӣ гуфта метавонед?

– Оре, чунин таҷриба вуҷуд дошт ва худро ҳамчун усули босамари кори таҳияи тавсияҳои илман асоснок доир ба такмили системаи тандурустӣ нишон дод. Алоқа миёни илми тиб ва тандурустии амалӣ бешак бояд рушд ёбад, ки ин яке аз меъёрҳои муҳими ҷорӣ кардани шаклҳои нави муосири кор ба таҷрибаи тандурустӣ мебошад. Ин  гуна шаклҳои ташкили кор дар дигар кишварҳо низ вуҷуд дорад.

Дар Тоҷикистон, мисли дигар кишварҳои ИДМ, мақоме чун сармутахассиси ҳар соҳа вуҷуд дорад ва фикр мекунам нақши онҳо таҳкиму рушд додан лозим аст. Ниёз ба маркази тавонои коршиносӣ-аналитикӣ вуҷуд дорад, ки мебояд доиман таҷрибаи комгоронаи кишварҳои дигар, тавсияҳои СҶТ ва дигар марказҳои пешбари илмии тиббиро омўзаду таҳлил намояд, тавсияҳо коркард кунад ва сипас дар асоси онҳо тасмимҳо дар заминаи принсипҳои тибби илмӣ гирифта шаванд.

30-солагии тиб: пешгирии беморӣ беҳ аз табобат?

– Бо вуҷуди гузоришҳои пуртантана аз болоравии обурўйи илмӣ ва мақоми ДДТТ дар дунё, кам шудани шумораи докторҳои илм дар кафедраҳои пешбари фундаменталии донишгоҳ далели айнӣ аст. Ин падида ба чӣ рабт дорад? Барои тағйир додани вазъ чӣ чораҳо дидан мумкин аст?

– Биёед боз ба он давраи таърихӣ муроҷиат мекунем, ки дар асоси натиҷаҳои Аттестатсияи умумииттифоқии муассисаҳои олии тиббии ИҶШС дар соли 1989 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки акнун донишгоҳ шудааст, ба панҷгонаи муассисаҳои олии тиббии беҳтарин дар байни 96 донишкадаи тиббии ИҶШС дохил шуд. Яке аз омилҳои асосии баҳодиҳӣ иқтидори илмӣ-омўзгории муассиса буд. Он ҳангом донишкада беш аз 600 устод дошт, ки аз онҳо зиёда аз 300 нафар доктору номзади илм, ду нафар аъзои вобастаи АИТ ИҶШС, 3 кас аъзои воқеӣ ва аъзои вобастаи АИ Тоҷикистон буданд.

Ба ақидаи ман, маҳз он давра қуллаи баландтарини рушди иқтидори донишкадаи моб уд.

Вале ҷанги шаҳрвандӣ ин зарфиятҳоро аз по зад. Чунончи, дар аввали соли 1993, ҳамагӣ якчанд моҳ пеш аз низои мусаллаҳона ҷумҳуриро беш аз 100 устод ва 1000 донишҷўйи донишкадаи мо тарк карданд. Ба таҳсилоти тиббӣ ва тандурустӣ зарбаи сахте зада шуд, иловатан ба 100 номзаду докторҳои илм, ки ҷумҳуриро тарк намуданд, мо зиёда аз 1000 табиби ояндаро аз даст додем. Муҳоҷирати оммавии солҳои 90-2000 ҳамчунин ба ин мусоидат кард. Ин дар ҳолест, ки, тавре ба ҳама маълум аст, барои омода кардани як табиб камаш 8-10 сол, барои номзади илм 10-12, доктори илм аз 15 то 20 сол талаб мешавад. Аз ин сабаб ДДТТ то ҳанўз оқибатҳои манфии он замонро эҳсос мекунад. Дар амал қариб ҳамаи роҳбарони ДДТТ, сар аз соли 1996 ҳамаи кўшишу талошҳои худро барои эҳё ва таҳкими зарфиятҳои илмии донишгоҳ равона мекунанд.

 Дидан хурсандиовар аст, ки айни замон дар ДДТТ марказҳои ҷолиб, мисли Маркази ҳуҷайраҳои баданӣ ташкил гардидаанд, Лабораторияи марказии илмӣ-таҳқиқотӣ барқарор шудааст, КВН-и физиологӣ идома дорад, ки аз замони мо донишҷўёнро зиёд ба худ ҷалб мекард. Дар баробари ин, барои ташаккули тавонмандиҳои илмӣ-таҳқиқотии табиби оянда ба илмҳои фундаменталӣ, аз қабили анатомияи одам, гистология, биохимия, физиологияи меъёрӣ ва патологӣ, патанатомия таваҷҷуҳи бештар равона мешавад.

Ба оғози омўзиши фанҳои клиникӣ донишҷў бояд оид ба тибби фундаменталӣ донишҳои устувор, малакаи таҳқиқоти илмии амалӣ дошта бошад, бо ибораи дигар, бо дастҳояш кор кунад. Мустақилона препаратҳои гистологиро омода намояд, таҷрибаҳои начандон мушкили физиологиро дар ҳайвонҳо анҷом диҳад, аутопсия гузаронад – охир, маҳз дар 2-3 соли аввали таҳсил дар донишгоҳи тиббӣ асоси табиби оянда гузошта мешавад.

Аз диди тавонмандиҳои илмӣ дар охири солҳои 80 – аввалҳои 90-ум ДДТТ аз рўйи фанҳое чун анатомияи меъёрӣ мавқеи устувореро ишғол мекард. Дар ду кафедраи анатомия 5 доктор ва зиёда аз 10 номзади илм кор мекарданд, дар кафедраи физиологияи патологӣ – се доктор ва зиёда аз 8 номзади илм. Ин номгўро идома додан мумкин аст.

Албатта, вақтҳои охир ҷавонон ихтисосҳои клиникӣ – ҷарроҳӣ, акушерӣ ва гинекология ва ғайраро бештар интихоб мекунанд, аммо тавре болотар гуфта будам, маҳз илмҳои морфологӣ, фундаменталӣ ташаккулёбии табибони ояндаро муайян мекунад. 10-15 сол пешро нигоҳ кардан, ташвиқ кардани ҷамъиятҳои илмии донишҷўён лозим аст ва на танҳо тавассути маърузаҳои назариявӣ, балки инчунин аз тариқи таҳқиқоти мустақилонаи илмӣ, бигзор сода ҳам бошанд. Ва албатта, ба макотиби олии Аврупо ва ҷаҳон ҷавонони ба омўзиши маҳз илмҳои морфологӣ шавқманд бояд фиристода шаванд.

30-солагии тиб: пешгирии беморӣ беҳ аз табобат?

– Шумо шогирди охирини аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои тибби ИҶШС ва Русия М.Ғ. Ғуломов ва коршиноси судии тиббии дар олами илм эътирофшуда мебошед. Мумкин бошад, бо якчанд сухан рушд ва ҳолати муосири хадамоти психиатрӣ ва коршиносии судии тиббиро дар кишвар тавсиф диҳед.

– Дуруст мебуд, агар посух ба суол доир ба ҳолати хадамоти мазкур аз сармутахассисони ин самтҳо пурратар гирифта мешуд. Аз тарафи худ, мехоҳам қайд намоям, ки инноватсия ва усулҳои замонавӣ ба фаъолияти ин хадамон дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ фаъолона татбиқ шаванд. Дар психиатрия равишҳои инсонпарварона нисбати одамоне, ки аз шаклҳои мухталифи ихтилолҳои равонӣ азият мекашанд, махсусан дар миёни донишҷўён, табибони ихтисосҳои гуногун ва аз ҳама муҳим миёни аҳолӣ фаъолона рушд дода шаванд, ба ҳеҷ шакли стигма ва табъизи беморони руҳӣ роҳ дода нашавад (мутаассифона, ин ҳол дар ҷомеаи мо реша гирифтааст).

Афсус, то ҳанўз дар муроҷиат ба психиатрҳо монеаҳои ҷиддӣ вуҷуд доранд: аҳолӣ аз муроҷиат ба муассисаҳои психиатрӣ шарм мекунад ва ба ҷойи ин ба невропатологҳо, равоншиносон ва гоҳо ба муллоҳо рў меоранд, ки ба ҷараёнгирии манфии беморӣ мусоидат ва ташхиси саривақтиву табобати ихтилолҳои равониро душвор мекунад.

Самти лоиқи таваҷҷуҳи зиёд архитектураи бемориҳои психиатрӣ аст: дар партави консепсияҳои муосир худи муассисаи табобатӣ дар муолиҷа ва тавонбахшии ашхоси дорои ихтилолҳои руҳӣ нақши муҳим мебозад. Дарҳои қулфзада, тирезаҳои панҷарапўш, ки дар беморхонаҳои психиатрӣ як амри маъмул шудаанд, табиист, ки ба натиҷаҳои мусбати табобат мусоидат намекунанд.

Дар раванди суҳбат дар хусуси тибби судӣ қайд намудан лозим аст, ки дар солҳои охир усулҳои таҳқиқоти судӣ татбиқ карда шуданд, озмоишгоҳҳо барои гузарондани таҳлили ДНК таъсис ёфтанд, ки барои қатори васеи масъалаҳои судии тиббӣ усули муҳимтарини ҳаллу фасл мебошад. Ин суръатро ҳифз бояд кард ва барои баланд бардоштани ҷолибии касбии ихтисоси коршиноси судии тиббӣ тамоми чораҳоро бояд андешид, заминаҳои илмӣ-техникиро дар асоси равишҳои муосири байналмилалӣ бояд рушд дод.

– Дар замонҳои охир зиёд дар бораи ҷалби ҳамватанони хориҷӣ барои рушди кишвари мо мегўянд. Ба андешаи шумо, ҳамватанони бурунмарзиро ба саҳмгузорӣ дар рушди тибби кишвари мо чӣ гуна ҷалб намудан мумкин аст?

– Воқеан, хатмкардагони ДДТТ, табибон ва олимони тибби соҳибихтисос айни замон дар бисёр кишварҳои олам фаъолият мекунанд: аз Русияву Олмон то ИМА ва Исроил. Тавре қаблан қайд намуда будам, ин аксаран он насли табибон аст, ки бо сабабҳои гуногун кишвари моро дар оғози солҳои 90-ум тарк намуд. Леки нагар мо аз ҷалб намудани ин мутахассисон ба кори рушди тандурустӣ ва илми тиб гўем, ин ҷо чанд ҷанбаи муҳим вуҷуд дорад, ки мо бояд ба эътибор гирем.

Мутахассисони мазкур аксаран профессорҳо, докторон ва номзадҳои илм мебшанд, ки дар муассисаҳои илмӣ ва тиббии худ вазифаҳои ҷиддиро ишғол менамоянд. Оё онҳо омодаанд ҳаёти худро тағйир бидиҳанд ва пас гарданд? Инҷо дар миён на танҳо масъалаи ватандўстӣ, балки боз сирф маишӣ – оила, фарзандон ва ғайра аст.

30-солагии тиб: пешгирии беморӣ беҳ аз табобат?

Аммо сохтани системае, ки зимни он муассисаи таҳсилоти олӣ тавонад барои таълими даврҳо ё хондани курси лексияҳои мушаххас онҳоро ба ҳайси профессорони даъватӣ ҷалб намояд, ин ҳам на дар асоси ташаббуси хусусӣ, балки бо роҳи шарикӣ бо муассисае, ки ин ё он мутахассис фаъолият мекунад, воқеӣ ва амалишаванда мебуд. Мо таҷрибаи олиҷаноби профессорони даъватиро ба филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) дар Душанбе, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ дорем, ки онҷо ин низом худро хеле хуб нишон дод.

Баъдан, ҷалби ин мутахассисон ба ҳайси роҳбарони илмӣ ва мушовирон барои гузарондани таҳқиқотҳои рисолавии мутахассисони ҷавон имкон дорад. Фикр мекунам, ин гуна механизмҳо ҷоуфтода мебуданд ва ҳамватанони бурунмарзии мо бо камоли майл чунин ташаббусро дастгирӣ мекарданд. Инҷо омодагии ҷиддии ташкилӣ дидан ва албатта маблағгузории лоақал камтаринро пайдо кардан зарур аст.

-Ба андешаи шумо, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бояд аз пандемия чӣ гуна сабақҳо бардорад?

– Масъалаи мазкур имрўз дар тамоми олам мубрам аст ва нисбати кулли кишварҳо қобили истифода аст. Аз ин рў, Вазорати тандурустии Тоҷикистон имкони нодир барои омўхтани на танҳо таҷрибаи худ, балки боз таҷрибаву сабақҳои кишварҳои дигарро дорад, ки якумин шуда дар худ таъсири пандемияро эҳсос кардаанд.

Системаҳои тандурустии қариб тамоми кишварҳои олам ба ин ё он андоза ба пандемия нотайёр буданд. Дар авҷи якуми пандемия моҳҳои апрел-майи соли 2020 ҳатто кишварҳое бо иқтисодиёти тавоно аз қабили Олмон, Швейтсария, Италия, Фаронса сарбории шадидро ба низоми тандурустӣ эҳсос намуданд. Муассисаҳои табобатии кишварҳои мазкур 7-8 карат бештар аз замони то пандемия сарборӣ доштанд. Ба госпиталҳои ковидӣ табдил додани бисёр дармонгоҳҳои статсионарӣ ба он овард, ки дастрасии ёрии нақшавӣ ва таъҷилии тиббӣ ба маротиб коҳиш ёфт.

Чунончи, дармонҷўён бо бемориҳои низоми дилу рагҳо, диабет, патологияҳои саратонӣ на дар ҳар ҳолат сари вақт ёрии даркорӣ мегирифтанд, ташхиси саривақтии сил коҳиш ёфт, ки хатари бозгашт ба паҳншавии бемории мазкурро ба миён овард, ашхоси гирифтори ВНМО дар бисёр ҳолатҳо имкони сари вақт гирифтани муолиҷаи АРВ-ро надоштанд, ки ин аҳволи онҳоро бадтар карда, дар як қатор ҳолатҳо сабабгори марг ҳам шудааст.

Аз ин сабаб, фикр мекунам, дурусттар мебуд гўем (тавре СҶТ низ дар ҷаласаи охирини Анҷумани ҷаҳонии саломатӣ дар моҳи майи соли ҷорӣ тавсия додааст) – омодагии на танҳо низоми тандурустиро, балки давлатро дар маҷмуъ барои таъмини бехатарӣ дар соҳаи тандурустӣ ба инобат бояд гирифт. Дар мавриди масъалаҳои сирф марбут ба тандурустӣ, ба фикри ман бояд ба ҷанбаҳои зерин таваҷҷуҳи бештар дода шавад:

1. Таҳкими низоми ёрии аввалияи тиббӣ-санитарӣ ҳамчун асоси тандурустӣ ва ёрии профилактикӣ. Соли 2018 дар шаҳри Остона (Қазоқистон) зери сарпарастии СҶТ Конференсияи ҷаҳонии вазирони тандурустӣ баргузор гардид, ки дар он консепсияи Фарогирии ҳамагонӣ бо хадамоти тандурустӣ ва Эъломияи Остона қабул гардиданд. Интихоби сана ва макони гузарондани конференсия тасодуфӣ набуд. 40 сол пеш, соли 1978 дар Алмаато Конференсияи ҷаҳонӣ оид ба ёрии аввалияи тиббӣ-санитарӣ баргузор шуда буд, ки дар натиҷаи он низоми ёрии тиббӣ-санитарии ИҶШС беҳтарин дар ҷаҳон дониста шуд.

Чаро ин муҳим аст? Мо алъон чиро мушоҳида мекунем? Бо ҳар сабаб сокинони ҷумҳурии мо кўшиш мекунанд барои машварат ё табобат ба клиникаҳои беҳтарини ҷумҳурӣ дар Душанбе оянд. Дар оқибати ин муассисаҳои табобатии деҳот, навоҳӣ ва вилоятҳо нимхолӣ мемонанд, вазифаҳои худро иҷро намекунанд ва ҳамаи сарборӣ ба дўши муассисаҳои ҷумҳуриявӣ меафтад. Дар ҳоле ки низоми олие вуҷуд дошт, ки дар он марҳиланокӣ риоя мегардид, қариб тамоми ҳаҷми ҷарроҳиҳо дар сатҳи баланд дар БМҶ ва беморхонаҳои вилоятӣ иҷро мешуд. Боварӣ дорам, ки айни замон низ ҳамкасбони мо сатҳи ихтисосмандии лозима доранд, вале ҳаракат кардани маҷрои кадрҳо ва дар оқибат маблағгузориҳо ба пойтахт мушоҳида мегардад. Бо назардошти ландшафти географии кишвари бештар кўҳии мо, далели зерин аҳамияти ҳалкунанда касб мекунад.

30-солагии тиб: пешгирии беморӣ беҳ аз табобат?

2. Рушди тандурустии ҷамъиятӣ ва эпидемиология ё, бо ибораи дигар, корҳои санитарӣ-маърифатӣ бо аҳолӣ ва ояндабинӣ ва идоракунии хуруҷҳои бемориҳои сироятӣ. Пандемияи ҷорӣ нишон дод, ки ҳамаи мо, дар тамоми кишварҳои олам бояд модели босамар ва муосири кор бо аҳолӣ дошта бошем. Ҳам усулҳои анъанавии кор, аз қабили гашти хона ба хона, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ ва ҳам инноватсияҳо – кор дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар байни ҷавонон ва ғайраро истифода бояд кард.

Охир, агар аз диди эпидемиологӣ назар кунем, аксари чораҳо: беҳдошти дасту рўй, риояи масофа, реҷаи ниқоб, худдорӣ аз рафтан ба ҷойҳои ҷамъшавии одамон серхарҷ нестанд. Ва агар мо ба чунин тадбирҳои аз лиҳози сармоягузорӣ камхарҷ, аммо самаровар таваҷҷуҳ накунем, ба беморхонаҳои пур аз одам, хароҷот барои доруворӣ, ҳаводиҳии сунъии шушҳо ва ғайра рў ба рў мешавем.

Зарбулмасали тиббии кўҳна, аммо алҳол низ мубраме ҳаст: «Пешгирӣ – беҳ аз табобат», ки имрўз низ барои муқаррар намудани авлавиятҳо хеле бамаврид аст. Ана, масалан, айни замон ваксина дар кишвар дастрас аст, аммо ривояту боварҳои нодуруст, тарсҳои беасос аз эмкунӣ ба қарори одамон таъсир мекунанд ва ваксинагузаронӣ на бо он суръате ҷараён мегирад, ки дидан мехостем.

Вале ин мушкилӣ умумист: ҷамъиятҳои зиддиваксинӣ хеле фаъолона кор мебаранд, аз ин рў дар муқобили онҳо ба роҳ мондани маъракаи пурзўр, босамар, илман асосноки иттилоотӣ дар байни аҳолӣ муҳим мебошад. Мо таҷрибаи хеле хубе дар ин самт дорем ва онро маҳз дар чорчўбаи рушди тандурустии ҷамъиятӣ ба эътибор гирифтан муҳим аст.

3. Омодакунии кадрҳои тиббӣ. Ин масъала дар тамоми ҷаҳон доғ аст. Алъон дар олам камбуди кормандони соҳаи тиб ба назар мерасад, норасоӣ тақрибан 12 млн табиб, ҳамшира ва дигар мутахассисони соҳаро ташкил медиҳад. Пандемия мушкилиро боз ҳам тундтар кард ва инҷо Тоҷикистон низ истисно нест. Аз ин сабаб хеле муҳим аст, ки тамоми кўшишҳо ба омода кардани кадрҳо равона гарданд, дар навбати аввал ба таҳсилоти баъдидипломӣ, хоса дар бахшҳои тандурустии ҷамъиятӣ, эпидемиология, омори тиббӣ ва иформатизатсия, ташхиси лабораторӣ. Масъалаи мазкурро дар ҳамбастагӣ бо марказҳое мисли Маркази назорати бемориҳои сироятӣ (Center for Disease Control and Prevention, Atlanta, USA), марказҳои дигари мушобеҳ дар Аврупо ва Русия тадқиқу татбиқ бояд намуд. Солҳои пеш Вазорати тандурустӣ мутахассисонро барои таҳсил ба ин марказҳо равона мекард, алъон самти мазкурро боз бештар тақвия додан лозим аст. Чанде пеш Президенти кишвари мо Э. Раҳмон зимни як суханронии хеш ба омода кардани кадрҳои соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса дод, аз ин сабаб муътақидам, ки давлат ҳамаҷониба ташаббусҳои номбурдаро дастгирӣ мекунад.

– Ба андешаи шумо, оё низоми тандурустии тоҷик тавонист аз ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалии рушд манфиати ҳаддалимкон ба даст орад? Аз ҷумла, бо назардошти пандемия.

– Фикр мекунам, дар ин масъала ҳама чи дар пеш аст. Донорҳои байналмилалӣ ва шарикон аз рўзҳои аввал фаъолона ба ниёзу эҳтиёҷоти тандурустии Тоҷикистон вокуниш намоиш доданд ва, тавре алъон мебинем, воситаҳои муҳофизатӣ, маблағгузорӣ, ваксинаҳо дар ҳаҷми даркорӣ тариқи роҳҳои гуногун ба мо пешкаш мешаванд.

Фикр мекунам, айни ҳол вақти он аст, ки бо шарикон баррасӣ ва таҳияи нақшаҳои омодагии миёна ва дарозмуддати соҳаи тандурустӣ ба вазъиятҳои фавқулодаи оянда дар бахши тиб, пандемияҳо ва хуруҷи бемориҳои сироятӣ дар доираи Қоидаҳои байналмилалии тиббӣ-санитарӣ (International Health Regulations) шуруъ шавад.

-Лутфан, дар бораи фаъолияти бахши тандурустии Федератсияи Байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар минтақаи Аврупо ботафсилтар нақл мекардед. Ёрии мушаххаси Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба аҳолӣ ва ҳукуматҳои кишварҳои гуногун дар чӣ таҷассум меёбад?

– Аз худи оғози пандемия Федератсияи Байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва СС ва ҲА-и мо дар дунё ва минтақаи Аврупо ба вазъи фавқулодаи алоқаманд ба пандемия вокуниш карда, якуним сол боз ба ҳукуматҳо, мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар мубориза бо пандемия ёрӣ мерасонанд

Дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ 54 ҷамъияти СС ва ҲА ба сифати шарикони ихтиёрии ёридиҳандаи давлатҳо қатори васеи фаъолиятҳоро вобаста аз шароити кишвар ва ниёзҳои тандурустӣ: кори васеи иттилоотӣ-маърифатӣ бо аҳолӣ бобати пешгирӣ аз COVID-19, таъминот бо воситаҳои безараргардонӣ ва  муҳофизати шахсӣ барои ихтиёриёни СС ва ҲА ва кормандони соҳаи тиб, ки дар «минтақаҳои сурх» фаъолият мекунанд, ҷустуҷў ва пайдо кардани тамосҳо, ёрӣ дар скрининг, гирифтани тест барои COVID-19, кумак дар ташкили нуқтаҳои инзиво ва карантин, интиқоли беморон бо COVID-19, мадад ба шахсони гирифтор ба бемориҳои музмин, муолиҷаи беморони сил ва ВНМО, расондани доруворӣ ба онҳо, нигоҳубини пиронсолон дар шароити хона, таъмини онҳо бо бастаҳои озуқаворӣ ва воситаҳои беҳдошт, пешкаши машваратҳо тариқи хатти алоқаи доимӣ, дастгирии равонии иҷтимоӣ, коҳишдиҳии таъсири стресс, ки ба пандемия алоқаманд аст ва ғайраро амалӣ мекунанд.

Ҷамъ то ҳанўз бо навъҳои мазкури ёрӣ беш аз 120 млн нафар фаро гирифта шудааст.

Аз декабри соли 2020 мо ба раванди ваксинагузаронӣ бо ҷидду ҷаҳд мусоидат мекунем. Чунончи, то айни ҳол беш аз 32 млн нафар навъҳои гуногуни кумаки ба ваксинагузаронӣ марбут: огоҳкунии аҳолӣ ва сафарбаркунии иҷтимоӣ, гуселкунӣ ба нуқтаҳои ваксинагузаронӣ, мониторинги ҳолати саломатӣ пас аз ваксинагузаронӣ, дастгирии равонӣ-иҷтимоӣ гирифтанд.

Дар ОМ ҷамъияти ҲА-и мо низ чунин фаъолиятро ба роҳ мондааст. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ҶТ бо артиши бисёрнафараи ихтиёриёни худ ба мақомоти тандурустӣ дар маҳалли деҳоти тамоми гўшаву канорҳои ҷумҳурии мо дар кори иттилоотӣ бо аҳолӣ, алъон бо таваҷҷуҳи махсус ба ваксинагузаронӣ мусоидат менамояд.

– Ва инак, Ҷунбиши байналмилалии СС ва ҲА ба тибби тоҷик дар 30 соли мавҷудияти он чӣ гуна кумак кардааст?

– Дарҳол пас аз пошхўрии ИҶШС Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистони мустақил таъсис дода шуд. Замони шуруи низои мусаллаҳона, бо назардошти зарурати шадид ба ҷалб намудани ёрии байналмилалӣ, Президенти ҶТ Э. Раҳмон дар паёми худ аз 30 декабри с. 1992 ба Президенти Кумитаи Салиби Сурхи Байналмилалӣ қайд намуд:

 «…Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон фаъолияташро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳадафи паҳн намудани ғояҳои сулҳ, башардўстӣ, дардшарикӣ ва шафқат идома дода, ба принсипҳои асосии Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар содиқ боқӣ мемонад».

Дар он давра вазифаи асосии ҶҲА Тоҷикистон расондани кумаки башардўстона ва тиббӣ ва ашхоси беҷошудаи дохили кишвар буд, ки аз минтақаҳои амалиёти ҷангӣ оммавӣ меомаданд. Посгоҳҳои санитарӣ ва дастаҳои санитарӣ фаъолона амал мекарданд.

ҶҲА Тоҷикистон якҷоя бо Комиссияи ёрии башардўстона ёрии байналмилалиро ҳамоҳанг месохт, ки он аввал аз тарафи ҳукуматҳо ва ҷамъиятҳои миллии СС ва ҲА-и кишварҳои мухталифи дунё мерасид. Ғайр аз қурбониҳои низоъ, ҶҲАТ ёрии башардўстонаро ба садҳо қурбонии заминларзаҳо, ярчҳо ва селҳо мерасонд. ҶҲАТ ҳамчун ташкилоти беғаразу бетараф фаъолияти худро дар саросари ҷумҳурӣ фаъолона паҳн мекард.

Эҳтиёҷи шадидро ба дастгирии низоми тандурустӣ ба назар гирифта, ҶҲАТ дар ҳамдастӣ бо Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои СС ва ҲА тайи 10 сол, аз соли 1994 то 2003 Барномаи ёрӣ ба муассисаҳои тиббии зинаи аввал татбиқ менамуд.

Бо ҳадафи таъмини дастрасии аҳолӣ ба кумаки заминавии тиббӣ, пешгирӣ аз бемориҳои беш аз ҳама вохўранда, соли 1994 татбиқи барномаи калонмиқёси ёрӣ ба муассисаҳои муолиҷавӣ-профилактикии зинаи аввал: бунгоҳҳои фелдшерӣ-акушерӣ, амбулаторияҳои тиббии деҳот ва зинаи дуюм: беморхонаҳои қитъавии деҳот ва беморхонаҳои марказии ноҳиявӣ (НМН) ба роҳ монда шуд.

Зиёда аз 870 муассисаи табобатии зинаҳои якум ва дуюми вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо лавозимоти тиббӣ ва доруворӣ мувофиқи меъёрҳои СҶТ таъмин мегардид. Фарогирии ҳарсолаи аҳолие, ки ёрии тиббӣ мегирифт, дар муассисаҳои номбурда 165 ҳазор нафарро солона ташкил дод.

Ғайр аз ин, 9 НМН дар ноҳияҳои кўҳии дурдаст таъмир, бо генераторҳои барқӣ, таҷҳизоти ташхис, дастгоҳҳои рентгенӣ, дастгоҳҳои ташхиси ултрасадоӣ, таҷҳизоти яхдонӣ, ки аз манбаъҳои автономӣ барқ мегиранд, муҷаҳҳаз гардиданд. Дар чорчўбаи барнома кормандони ҶҲАТ мониторинги мунтазами таъиноти мақсадноки доруҳо амалӣ карда мешуд, дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ масъалаҳои мубрамтарини ҳифзи тандурустии аҳолӣ таълим дода мешуд.

Бо ҳадафи пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ки бо тариқи об паҳн мешаванд, аз соли 1997 ҶҲАТ дар ҳамдастӣ бо ФБҶСС ва ҲА, бо дастгирии ҲА-и Шветсия ва Испания ба татбиқи барномаҳои беҳдошти об шуруъ намуд. Ба ин тариқ, дар нуқтаҳои аҳолинишин бо хавфи баланди бемориҳои сироятие, монанди домана, сироятҳои меъдаю рўдаҳо, чорабиниҳои калонмиқёс оид ба таъмини аҳолӣ бо оби нўшокии тоза бо роҳи сохтмони низоми чашмагии таъминот бо об ва барқарор намудани низоми лўлаҳои обгузар амалӣ мегардиданд. Таваҷҷуҳи бештар ба баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳолӣ аз масъалаи беҳдошт ва санитария, махсусан дар мактабҳои миёна равона шуд.

Ҳарсола аз 6 то 10 лоиҳа бо фарогирии беш аз 45 ҳазор одам татбиқ мегардид.

Ҳамагӣ дар давраи аз соли 1997 то 2005 беш аз 500 000 одам ба оби тозаи нўшиданӣ дастрасӣ падо намуд.

Айни замон фаъолият ба барномаҳои таълими ёрии аввал, пешгирии бемориҳо, таблиғи тарзи ҳаёти солим, расондани ёрӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодаи гуногун тамаркуз мешавад.

  • Дар фарҷом – таманниёти шумо ба донишҷўёни макотиби тиббии Тоҷикистон.

– Мехостам дар навбати аввал ҳамаи ҳамкасбон – табибон ва кормандони тиббиро бо ҷашни касбии худ табрик кунам ва ба ҳамаи онҳо сиҳатии хуб, неру, некуаҳволӣ ва муҳимтар аз ҳама, руҳафтода нашудан дар ҳолатҳои душвортарин, ҷилои бахтро дар чашмон, миннатдориро аз шифоҷўён ва табъи хушро таманно намоям. Ва ба донишҷўёни муассисаҳои таҳсилии тиббӣ, ба табибони оянда мехостам шавқмандии беинтиҳоро ба касб, хоҳиши ҳама вақт ба мардум фоида расондан, ба арзишҳои касби мушкили мо содиқ будан ва ҳама вақт бедоғ нигоҳ доштани хилъати сафеди моро орзу намоям.

Таҳияи Михаил Петрушков

30-солагии тиб: пешгирии беморӣ беҳ аз табобат?

Маълумотномаи Nuqta.tj:

Доктори илмҳои тиб, Узви Академияи илмҳои Ню-Йорк, Барандаи Ҷоизаи Давлатӣ дар соҳаи илм ва техники

 Муҳаммадиев Даврон Мансурович соли 1970 дар ш.Душанбе, ҶШС Тоҷикистон ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултети педиатрии ДДТТ ба номи Абўалӣ ибн Сино мебошад.

Ҳамзамон ба таҳсил дар донишкада фаъолияти ҷамъиятии пурҷўш мебурд: котиби кумитаи комсомоли факултет (1987-1990), котиби кумитаи комсомоли ДДТТ (1991), узви бюрои КМ комсомоли Тоҷикистон (1990-1991) буд. Бунёдгузор ва нахустин Президенти ассотсиатсияи донишҷўён ва мутахассисони ҷавони тибби Тоҷикистон (1991-1996).

Пас аз хатми ДДТТ ассистенти кафедраи тибби судӣ буд. Соли 1997 рисолаи номзадиро дар Маркази илмии давлатии психиатрияи иҷтимоӣ ва судӣ ба номи Сербский (Москва) ҳимоя кард. Аз рўйи натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмӣ ба ў унвони Ҷоизадори Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар соҳаи  илм ва техника дода шуд.

Солҳои 1994-1996 коршиноси масъалаҳои судии тиббӣ буд, дертар – муовини сардори маркази коршиносии судии тиббии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ.

Дар давраи байни солҳои 1994-2005 кори илмӣ-педагогиро бо фаъолияти коршиноси судии тиббӣ ҳамзамон татбиқ мекард. Аз соли 2001 – дотсент. Соли 2002 коромўзи бахши психиатрия буд, ки Хазинаи Амрико ва Австрия (AAF) ва Коллеҷи тиббии Уэлси Донишгоҳи Корнел (ИМА) ташкил намуданд.

Соли 2003 рисолаи докториро дар мавзуи “Махсусиятҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, тавсифи клиникӣ-психопатологӣ ва тавонбахшии тиббӣ-иҷтимоии занҳои гурезаи ба ватан баргашта” ҳимоя намуд, ки “Рисолаи беҳтарини илмии сол” дар Русия эътироф гардид. Айни замон бозёфтҳои таҳқиқотҳои илмии Д.М. Муҳаммадиев дар раванди таълим дар кафедраи психиатрияи Академияи таҳсили баъдидипломии Москва истифода бурда мешаванд.

Соли 2005 ба Д.М. Муҳаммадиев Мукофоти давлатӣ дар соҳаи илм ва техника ба номи Исмоили Сомонӣ тақдим гардид.

 Соли 2010 ҳамчун узви хориҷӣ ба Академияи илмҳои Нью-Йорк дар доираи барномаи “Олимон бидуни марз” дар сексияи «Нейропсихиатрия ва илмҳои рафторӣ» пазируфта шуд. 

Аз соли 1996 Д.М. Муҳаммадиев ҳамзамон ба таҳқиқоти илмӣ ба фаъолияти башардўстона ба сифати корманди СС машғул мебошад. Аз соли 1996 то 2005 ноиб-президенти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон буд. Аз соли 2009 Д.М. Муҳаммадиев ҳамоҳангсози минтақавӣ оид ба тандурустии Намояндагии Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Беларус, Молдова, Русия ва Украина буд. Фаъолияти ҳамаҷонибаро оид ба ташкили барномаҳои тандурустӣ амалӣ мекунад. Моҳи майи соли 2011 ба вазифаи Сардори Намояндагии минтақавии ФБҶСС ва ҲА таъин гардид.

Д.М. Муҳаммадиев беш аз 120 кори илмӣ дар нашрияҳои илмии байналмилалӣ, русиягӣ ва тоҷикӣ, аз ҷумла 3 монография, 4 дастури методӣ ва дастур барои табибони психиатр ва коршиносони судии тиббиро ба табъ расондааст. Узви шўрои таҳририяи Маҷаллаи илмии байналмилалии «Вестник психиатрии и психологии» (Русия) мебошад.