Дар Тоҷикистон хурўҷи нави COVID-19 имкон дорад?

Поделиться

Facebook
OK
VK
Telegram
Twitter
LinkedIn

Вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистон ва вокуниши ашхоси расмӣ суолҳои сершуморро ба миён меоранд. Ва на танҳо дар зеҳни шаҳрвандони одӣ, балки дар зеҳни кормандони соҳаи тиб ҳам. Қариб ним сол шуд, бино ба изҳороти масъулон, ки дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави мубталошавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст, аммо дар ин байн беморхонаҳо аз беморони гирифтор ба маризиҳои роҳҳои нафас аз нав пур шудаанд.

Ин чист? Мавҷи нави пневмония, зуком ё… ?

Хадамоти иттилоотии давлатии Тоҷикистон шаҳрвандони кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонро аз он огоҳ месозанд, ки дар ҷумҳурӣ 5 моҳ боз ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Ин худ аз худ ҳайратовар аст, зеро тақрибан дар тамоми кишварҳо ҳолатҳои нави сироятёбӣ ошкор мешаванд. Дар бархе кишварҳо «мавҷи нав», дар дигарҳо «хурўҷи беморӣ», дар сеюмиҳо «ҳодисаҳои алоҳида» ба назар мерасанд. Дар ҳама ҷо вазъ ҳар хел аст. Аммо то ғалаба бар коронавирус, бо вуҷуди шурўи маъракаи зидди коронавирус, ҳанўз масофа дур аст. Ҳатто барои кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешрафтаи олам ҳам.

Дар робита ба ин суоли асосноке ба миён меояд: набудани ҳолатҳои расман ошкор гардидани сироятёбӣ бо COVID-19 оё ба набудани коронавирус дар Тоҷикистон далолат мекунад? Ё аз мушкилоти ҷиддӣ дар соҳаи тандурустӣ, ки аз ин сабаб ошкоркунии саривақтии сироятёфтагон таъмин намегардад ва чораҳои зарурии муқобили беморӣ андешида намешаванд?

Суолҳои ноқулай

Диламро шубҳа тала мекунад. Оё имкони хурўҷи нави COVID-19 дар Тоҷикистон вуҷуд дорад?

Чаро таҳлил дар як қатор озмоишгоҳҳои Душанбе дар баъзе шаҳрвандони муроҷиаткарда ҳам коронавирусҳои наздик ба  SARS-CoV-2 ва ҳам худи коронавируси SARS-CoV-2-ро (гени E ва N) пайдо мекунад?

Дар Тоҷикистон хурўҷи нави COVID-19 имкон дорад?

Чаро беморхонаи сироятӣ ва «1-ум Советский» (тавре ба душанбегиҳо номидани он одат шудааст) боз пур аз мубталоҳои бемориҳои роҳҳои нафас гардидааст?

Аз куҷо овозаҳо дар бораи аз нав шиддат гирифтани COVID-19 дар Тоҷикистон пайдо шудаанд, ки дар сомонаи хабаргузории «Ховар» котиби матбуотии ВТ ва ҲИА Эмомалӣ Мирзоев низ ба ин ишора мекунад?

Чаро истеъмоли яхмос ва оби сард ба ин миқдор ҳодисаҳои пневмония сабаб мегардад? Охир, тавре котиби матбуотӣ гуфт, хадамоти тиббӣ-санитарӣ барои супоридани тести COVID-19 бо аломатҳои тасфи бадан, сулфа, гумшавии иштиҳо ва беҳолии умумӣ (ки аломатҳои асосии пневмония ва COVID-19 мебошанд) аз 3 то 10 нафарро равона мекунанд.

Бино ба суханони Мирзоев, мувофиқи таҳлили мутахассисон, айни ҳол аксарияти калонсолону кўдакон аз пневмония азият мекашанд. Бештари онҳо нафароне ҳастанд, ки соли гузашта COVID-19-ро аз сар гузаронда буданд ва шушҳояшон ҳанўз пурра барқарор нашудаанд. Суоле ба миён меояд: сабаби бемории аксарият ба мо аз гуфтаи боло маълум шуд, аммо ақаллиятро чӣ дарде азият медиҳад?

Ва чаро дар шаҳр тамизкориҳои санитарӣ ва пошдиҳии воситаҳои безараргардонии зидди пневмония иҷро мешаванд, агар сабаби авҷ гирифтани беморӣ яхмос ва оби сард истеъмол кардани онҳое бошад, ки қаблан бемориро пушти сар карда буданд?

Чаро дар шароите, ки овозаҳои «беасос» (ба андешаи Вазорати тандурустӣ) доир ба хурўҷи нави COVID-19 пайдо шудаанд, дар сомонаи расмии Маркази омор ва иттилооти тиббӣ то ҳанўз дастрасӣ ба омори мубрами тиббӣ дида намешавад? Дар ҳоле маҳз шаффофият ва дастрасии ҷомеа ба маълумоти расмӣ давои беҳтарин бар зидди овозаҳои беасос мебошад!

Назаре ба омори расмӣ

Мутаассифона, маҷбурем такрор намоем: омори доғи тиббӣ айни замон дар дастрасии озодона нест. Аз ин сабаб, масалан, аҳли ҷомеа ва коршиносони мустақил доир ба мубталошавии аҳолии Тоҷикистон ба бемориҳои ҷудогонаи сироятӣ маълумот надоранд, имкони пайгирӣ намудани болоравӣ ё коҳишёбии омори бемориҳои мухталиф, қиёс намудани ахбори гуногун, хулосабарорӣ, ояндабинӣ, фарзиясозӣ ва ҳадсзаниро надоранд. Дар пай, ба ҷомеаи мо ваҳм, овозаҳо, фейкҳои ҳархела таҳдид хоҳанд кард ва баъзе беморон аз ташхисгузориҳои нодуруст ва носаривақтию табобати номуносиб зиён хоҳанд дид.

Маҷбурем эътироф намоем, ки бар хилофи супоришҳои Пешвои Миллат доир ба пешкаши васеъ ва фарогири иттилоот дар хусуси ҳолати тандурустӣ ва самтгирии роҳбарияти кишвар сўи рушди таҳлилҳои мустақил, марказҳои таҳлилӣ, ҷомеаи мустақили экспертӣ, ҳаҷми маълумоти пешниҳодшаванда (дар навбати аввал, омори тиббӣ) дар муқоиса бо солҳои «токовидӣ» якбора коҳиш ёфтааст.

Мисоли аёнӣ: дар фазои иттилоотӣ доир ба фавтнокӣ аз пневмония (ки пушти ин ном, ба тахмини бисёр муаллифон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, COVID-19-ро пинҳон мекунанд) ҳар гуна овозаву сўистифодаҳо кам нестанд. Тавре дар диаграмма дидан мумкин аст, шумораи нафарони аз зуком, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ва пневмония фавтида (мавқеи 7-ум дар феҳристи сабабҳои марг) дар семоҳаи 1-уми соли 2021 ҳафт маротиба камтар аз бемориҳои дигар, 3 маротиба камтар аз бемории ишемиявӣ ва осебҳои рагҳои майнаи сар, 2-2,5 маротиба камтар аз бемориҳои саратонӣ ва фишорбаландӣ буд.

Пешкаши саривақтии  иттилоот доир ба семоҳаҳои боқимондаи солҳои 2020-2021 имкон фароҳам меоварданд, ки динамика мушоҳида ва овозаҳои безамина ботил шаванд.

Дар Тоҷикистон хурўҷи нави COVID-19 имкон дорад?
(эзоҳи муаллиф: диаграмма дар асоси иттилооти маҷмўаи омории «Маълумот дар бораи ҳолатҳои бақайдгирифташудаи таваллудшудагон, фавтидагон, никоҳҳо, талоқҳо ва муҳоҷирати аҳолӣ дар семоҳаи I с. 2021» таҳия гардидааст)

 Хавфу таҳдидҳо

Вазъи дар соҳаи тандурустӣ ба вуқўъомадаро таҳлил намуда, як қатор коршиносон изҳори хавотирии асоснок мекунанд. Фикри онҳо равшану возеҳ аст: агар дар кишвар аз мавҷудияти ҳодисаҳои нави сироятёбӣ аз COVID-19 хабар дода шавад, воҳима сар мешавад. Ин, дар навбати худ, ба имиҷи кишвар, иқтисод ва ҳаёти иҷтимоии шаҳрвандон осеб мерасонад. Ғайр аз ин, давлат водор ба манъи тамоми чорабиниҳои оммавие мегардад, ки ба истиқболи 30-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон омода мешаванд. Лозим меояд, ки боз аз маҳдудияту манъсозиҳо ба гузарондани намозҳои муштарак, чорабиниҳои гуногун ва ғайра кор гирифта шавад

Ин хавотириҳо комилан асоснок ва, зиёда аз ин, воқеӣ мебошанд.

Вале хомўшӣ ва нодидагирии мушкилоти имконпазир, тавре аз тамоми таҷрибаи ҷаҳонӣ бармеояд, усули бадтарин барои мудирияти хавфҳо мебошад. 

Коршиносон, олимон, духтурҳо ва кулли мардуми солимақл дарк мекунанд, ки COVID-19 пайдо шуда, дигар худ аз худ ғайб намезанад. Ва ба тамоми кишварҳои олам бо ин вирусу ҳодисаҳои нави мубталошавӣ ба COVID-19 ҳам дар соли 2021 ва ҳам 2022-ву солҳои минбаъда рў ба рў шудан лозим меояд. Ва хурўҷҳои гоҳгоҳии бемориҳое, ки коронавирус ба вуҷуд меорад, мисли хурўҷҳои мавсимии зуком, хилофи чашмдориҳо нест. Пешгўӣ намудани онҳо, сари вақт ва ошкоро аз хатари сар задани онҳо огоҳ намудани аҳолӣ ва чораандешии заруриро ёд бояд гирифт.

Аз ҷумла, нақша ва протоколҳои миллии табобати нафарони бо коронавирус сироятёфта, инчунин тадбирҳои профилактикӣ ва тавонбахширо  ворид ва сахтгирона назорат бояд намуд.

Дар акси ҳол аз сабаби табобати нодуруст (хоса, муолиҷаи беназорат ва беасос бо ёрии антибиотикҳо) ва ҷорӣ набудани чораҳои тавонбахшӣ барои онҳое, ки COVID-19-ро аз сар гузарондаанд, кишвар ва шаҳрвандони моро як қатор мушкилоти ҷиддии марбут ба сиҳатии аҳолӣ интизор аст.

Маълумоти оморӣ, ки аз болоравии фавтнокӣ дар семоҳаи IV соли 2020, замоне ки хурўҷи COVID-19 дар Тоҷикистон маҳв гардида буд, гувоҳӣ медиҳанд, бонги изтиробе мебошанд ва андешаҳоро сари сабабҳои чунин падида талқин месозанд. Охир, дар семоҳаи IV-и соли 2020 афзоиши истеъмоли яхмос ва оби хунук набуд, ки гўем, инҳо сабабгори пневмония буданд. Мисле, ки дар семоҳаи II соли 2021 ҷой дошт.

Дар Тоҷикистон хурўҷи нави COVID-19 имкон дорад?
(эзоҳи муаллиф: диаграмма дар асоси маълумоти маҷмўаҳои омории «Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳо» ва «Маълумот дар бораи ҳолатҳои бақайдгирифташудаи таваллудшудагон, фавтидагон, никоҳҳо, талоқҳо ва муҳоҷирати аҳолӣ дар семоҳаи I с. 2021» таҳия гардидааст)

Ояндабинӣ ва тахминҳо

Оё хурўҷи нави COVID-19 дар Тоҷикистон имкон дорад? Бо дарназардошти вазъи ҷаҳон ва паҳншавии босуръати нусхаи ҳиндии коронавирус SARS-CoV-2 «Делта», ки нерўи бештари гузарандагӣ ва эҳтимоли сироятёбии такрориро дорад, бояд иқрор шуд, эҳтимоли ин хеле калон аст.

Оё аз ин сабаб ба воҳима ва афсурдаруҳӣ бояд дода шуд? Албатта, ки не.

Таҷрибаи соли 2020 нишон дод, ки тактикаи интихобнамудаи Тоҷикистон дар мавриди вокуниш ба хурўҷи COVID-19, истифода накардан аз реҷаи изолятсия ва маҳдудсозии озодии ҳаракати шаҳрвандон, дар якҷоягӣ бо як қатор тадбирҳои маҳдудсоз ба кишвари мо имкон дод авҷи COVID-19-ро бо талафоту бохтҳои дар қиёс бо бисёр кишварҳои дигар камтар пушти сар кунад. Мутаассифона, қариб ҳамаи оилаҳо дар кишвари мо касеро аз наздикон, дўстон, ҳамсояҳо ё ҳамкасбон аз даст додаанд. Аммо пешгўиҳои мудҳиш, шукри Парвардигор, амалӣ нашуданд.

Маҳз дар ҳамин лаҳза, вақте дар олам мавҷи нави инфодемия авҷ мегирад ва расонаҳо пур аз сарлавҳаҳои шокӣ мебошанд (аз қабили «Сеяки бритониҳо, ки аз штамми ҳиндии коронавирус фавтиданд, эмгузаронӣ шуда буданд»), гуфтугўи ошкоро бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешниҳоди фаврии иттилооти тиббии эпидемиологӣ ва дигар, ҷалби фаъолонаи ВАО, блогерҳо, коршиносони мустақил ва фаъолон ба арзу шарҳи вазъ дар соҳаи тандурустӣ, метавонад ҳар кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро аз ҳар навъ зарбаҳо ҳифз кунад.

Зеро «Силоҳи аз ҳама мудҳиш воҳима аст».

Михаил Петрушков

Мақолаи аслӣ дар пайванд дастрас аст: https://nuqta.info/tj/dar-to-ikiston-huru-i-navi-covid-19-imkon-dorad/